Ишқ омад ва ихтиёр нагузошт

Дар кишвари дил қарор нагузошт

Аз ҷон асарӣ намонад дар тан

Взхоки танам ғубор нагузошт

Кайфияти чашми прхморт

Дар ҳеҷ сиррӣ хумор нагузошт

Пинҳон мехост дили ғамат ро

Ин дида ашгбор нагузошт

То ҷилва кунад дарави ҷамолат

Ашгм дар дил ғубор нагузошт

Ибрат натавон гирифт аз даҳр

Чун фурсат эътибор нагузошт

НшгФтаҳ бирехт ғунчаи дил

Таъҷили хазон баҳор нагузошт

Рафтам ки бипош ҷон фишонам

Дастам бигирифт ва ёр нагузошт

Рафтам ки кунам шикоят аз файз

Кӯтоҳӣ рӯзгор нагузошт