Кош аз ҷонон расад пайғоми талх

То касе ширин кунад зон коми талх

Аз лаб чун шукрат эй кони лутф

Сахт ширинаст он дашноми талх

Мастии ман чун лаби ширини тест

Нест аз ҷом май гули фоми талх

Заҳри чашми ту дилам аз кори барад

Ваа чу ширинаст он бодоми талх

Заҳри ҳиҷрат талх дорад коми ман

Ҷузи бўслт хуш нагардад коми талх

Саҳл ва осон менамояд аз нахуст

Ишқ дорад оқибати анҷоми талх

Бар лаби ман на лаби ширини хеш

То наёрам баради дигари номи талх

Файзро ширини нгўӣии талхи гӯй

Ҳаст ширин аз лабати дашноми талх