Ҳошо ки мудовои ман аз панд тавон кард
Девона ба афсонаи хирадманд тавон кард
Шӯр аз сари маҷнӯн ба насиҳат нашавад кам
эй лайляши афзӯн бшкр ханд тавон кард
Пинҳон натавон дошт ҷунун дар дили ошиқ
Дар сӯхтаи оташи бачаи сони банд тавон кард
Воъизи сухани биҳдаҳ то чанд тавон гуфт
ё гӯш ба афсонаи ту чанд тавон кард
Худ чашм надорад ки диҳад тавба аз онруӣ
Бо чашми чисони гӯши бойени панд тавон кард
Бо мавҷи муҳӣти ғамаши ором тавон дошт
Шӯридаи бсҳрои ҷунуни банд тавон кард
эй ҳам нафасони ҳоли дил зор мапурсед
Навъе нашикастааст ки пайванд тавон кард
Аз шаҳди суханҳои шукри бори ту эй файз
Олами ҳамаи пуршукру пурқанд тавон кард