Ишқ омаду ақлро бадар кард

Фарзанди нигар чаҳ бо падар кард

Баси айби наҳуфта буд дар ақл

Ишқ омаду ҷумларо ҳунар кард

Онҳо ки ғам ту кард бо ман

Касро натавон аз он хабар кард

Гуфтам ки кунам бсбри чора

Корамро чораи худ бтар кард

Кӣ сабр кунад алоҷи ошиқ

Бояд саду чора дигар кард

Ҳар кӯи бағам ту шуд гирифтор

Аз кишвари офият сафар кард

Ҷузи нақши хаёл ту нагунҷад

Ғамро бояд зи дил бадар кард

Пушти фалак аз ғами ту хам шуд

ё нолаи ман дар ӯ асар кард

Шарҳи ғами ишқ файз мегуфт

Ёрӣ чу наёфт мухтасар кард