Дилро ғамгин наметавон кард

Ғамгинро тамкин наметавон кард

Талхаст ҷаҳон ба ғайри ишқат

Комии ширин наметавон кард

Ишқи ту бҷони харид эй дӯст

Савдо ба аз ин наметавон кард

зи омдшди ғайр пок кардам

Дилро чиркин наметавон кард

Дили манзил дӯстаст дар вай

Ғайриӣ тамкин наметавон кард

Ғамро шодӣ ҳисоб кардам

Ҷонро ғамгин наметавон кард

Аз ҳар ки ҷафо кунад буридам

Бо дӯсти чунин наметавон кард

Гар сабри тавон зи моҳи рӯйон

Зон Зуҳраи ҷабин наметавон кард

Ҷону дилу дайн фидоаш кардам

Дар ишқи ҷузи ин наметавон кард

Ҷуз дар раҳи васли дӯстони файз

Тарки дилу дайн нмитўон кард