Ҳар ки бемор ту бошад дард бемораш набошад
Нашунӯд қавли табибон бо даво кораш набошад
Масти ишқ ар заҳри нӯшад ё шукр фарқӣ набошад
Бар сарашгар теғи боради ҳеҷ озораш набошад
Аз ҳабиб ар ҷавр бинад лутф май пиндоради он ро
Лутфро пиндорад ӯ ҳаргиз сазовораш набошад
Ҳар ки расво гардад аз ишқи бути соҳиби ҷамол
Аз маломат сар напечад айби кас ораш набошад
Дӯш бигузаштам бкўӣ май фурӯашони зоҳидӣ боман бигуфт
Бода сӯфӣ менанӯшад бо гунаҳ кораш набошад
Гуфтамаш софӣ нагардад то нанӯшад бодаи софӣ
Завқи мастӣ то наёбад назд ӯ бориш набошад
Мекунад бар хештани душвори оқили корҳо ро
Бар худ ар осон бигирад ишқ душвораш набошад
Бар фарози осмон кӣ ҷой ёбад чун масеҳо
Ҷуз касе кӯ дар замини фикри хрў бориш набошад
Файз магзар зон сухани конро наме ореи биҷой
Бад буд гуфтори онкасро ки кирдораш набошад