Ба ҷонии лутфи пинҳон май фурушад

Ҷаҳонии ҷон ба як ҷон май фурушад

Диҳад бӯсии иваз ҷонӣ сетанд

Бихари валлоҳи арзон май фурушад

Дилам ҳар ду ҷаҳон бо сад ҷаҳони ҷон

Ба як дами васли ҷонон май фурушад

Нафаҳмидааст завқи ишқу мастӣ

Ки ҳушёрӣ ба мисатон май фурушад

Шарорӣ гар биёбад зи оташи мо

Ҷинони зоҳид ба нирон май фурушад

Ба як мӯи зоҳид аз зулфи дўтоиш

Дусади харвори имон май фурушад

Чу орад дар ҳадиси он лаъли ширин

Шукрҳо аз намакдон май фурушад

Сабуеи мӯҳтасиб дар парда дорад

Абаси хушкӣ ба риндон май фурушад

Бидиҳ ҷон дар раҳаш эй файзи кони ёр

Висоли хеши арзон май фурушад