Шӯхи оҳӯи чашми ман чун рӯй дар саҳро кунад
Баҳри сайд аз тири мижгони рахна дар дилҳо кунад
Тири он абрӯи камон ҳаргиз намегардад хато
Ҳар кро гардад дучори андари дил ӯ ҷо кунад
Афканди тирии зи мижгони ҷониби назорагон
То барои ишқи худ дар ҳар дилии ҷо во кунад
То нбгризди шикор аз дом ӯ , чун сайд кард
Ҳар дилиро ҳалқа аз зулфи худ бар по кунад
Акси сайёдон ки сайди хешро аз паии раванд
Сайдаш аз пай меравад то шоядаш парво кунад
Ишқ чун дар дил кунад ҷои подшоҳ дил шавад
Чун ғуломони ақлро дар пеши худ барпо кунад
Ҳар чаҳ хоҳад мекунад дар кишвари дили шоҳи ишқ
Ақлро кӯи Зуҳра то ҳуҷҷатӣ илқо кунад
Ишқ сайёдаст ва дилҳои хилоиқи сайд ӯ
Ақлҳои мо асираш то чҳо бо мо кунад
Ишқ маъшӯқаст ва маъшӯқаст ишқ эй ошиқон
Кӯ касе то ин сухан дар хотир ӯ ҷо кунад
Файз бас кун зини суханҳо тарсам аршўрӣ кунӣ
Шеъри хомат дар миёни пухтагон расво кунад