Шоҳидонгар ҷилва бар имон кунанд

Куфру имон ҳар дуро яксон кунанд

Орифон аз ишқ агар гирданд маст

Розҳо дар сина кӣ пинҳон кунанд

Ошиқонро дӯст ҳар дами ҷони нав

Бахшад эшон бози ҷон қурбон кунанд

Зоҳидигар зон ҷаҳон ҳам бигузаранд

Ин ҷаҳонро равза ризвон кунанд

Обидонгар баҳри ҷонон ҷон кунанд

Айшҳои нақд бо ҷонон кунанд

Аҳли дунёгар з сӯрат бигузаранд

Айшро софӣ ва ҷовидон кунанд

Оқилон гар бигузаранд аз нангу ном

Дардашонро ошиқон дармон кунанд

Гар мурӣдони панд перон бишинаванд

Корро бар хештан осон кунанд

Восилон аз роҳ агар гӯйанд боз

Соликонро гӣҷ ва саргардон кунанд

Ончӣ бо ҳикмат кунанд аҳли назар

Ошиқон бо гуфта файз он кунанд