эй дил махоҳ ком ки ҳосил наме шавад

Ҳақ аз барои коми ту ботил наме шавад

Лиззат шинос нест ки аз дӯст ғофиласт

Лиззат касе шинохт ки ғофил наме шавад

То ҷои гирифтаи ишқи ту дар синаи як нафас

Аз дили хаёл рӯй ту зоил наме шавад

Зиндааст анкаҳ дар раҳ ту мешавад шаҳид

Мурдааст онкии баҳри ту бсмл наме шавад

Рӯи дил ба дасти ор ба саъй аз гудози тан

Тан дар гузор то надиҳӣ дил наме шавад

Тангар диҳӣ ба ончӣ навиштааст дар азал

Ранҷӣ ки мерасад ба ту ботил наме шавад

Оқил агар ба ишқ диҳад дил муяссар аст

Ошиқ вале ба мавъиза оқил наме шавад

Ҷоҳил агар равад зи пай илм ме шавад

Олам муҳаққиқаст ки ҷоҳил наме шавад

эй файзи роҳи майкадаи ишқи пеши гир

Дил бе тавофи майкада комил наме шавад