Маро ранҷур кардӣ ёди майдор

зи хешам давр кардӣ ёди майдор

Чу дили бастами бўсл аз ман буридӣ

Маро маҳҷӯр кардӣ ёди майдор

Ниҳон кардӣ зи ман хуршеди рӯят

Маро бенур кардӣ ёди майдор

Чу дар ишқ худам кардӣ гирифтор

Ғамами пар зӯр кардӣ ёди майдор

Чу масти бодаи он чашми гаштам

Маро махмур кардӣ ёди майдор

Нмибоисти зоўли он вафо кард

Маро мағрур кардӣ ёди майдор

Умеди васли ту шамъи дилам буд

Чаро ғам кӯр кардӣ ёди майдор

Намак зон лаб фишондӣ бар дили риш

Серум пуршӯр кардӣ ёди майдор

Ситам бар файз кардӣ дар шикоят

Маро маъзӯр кардӣ ёди майдор