Гуфтӣ маро ки чист зи хубони аҷиб тар
з эшонаст офариниши эшон аҷиб тар
Дар обу хок рӯҳ дамидам аҷаб буд
Дар хӯну нутфаи сӯрати инсони аҷиб тар
Гӯйанд офтоби ъҷибсбу маи ғариб
Аз меҳру моҳи оризи хубони аҷиб тар
Абрӯу чашм бар рухи хуршеди талъатон
зи абрӯу чашми ғамзаи хубони аҷиб тар
Нозу киришмаи хаду қади баси аҷаб буд
Гаштани асири сӯрати часбони аҷиб тар
Аз ҷони аҷибтар чаҳ буд дар сарои тан
Ишқаст дар сарои тан аз ҷони аҷиб тар
Гӯшам шунид қиссаи маҷнӯни омирӣ
Чашмам бидид қиссаи худ зон аҷиб тар
Хӯн хӯрдан касеаст барои касе аҷаб
Онкӣ барои бе ғами норони аҷиб тар
эй кош доштанд зи дили дилбарони хабар
Аз дилбарии тағофули эшон аҷиб тар
Риндӣ ва шоирӣ аҷабаст аз тариқи файз
Онгоҳи шеърҳои парешони аҷиб тар