Илми расмӣ аз куҷои ирфони куҷо
Дониши фикрии куҷои виҷдони куҷо
Ишқро бо ақли нисбат кӣ тавон
Шоҳи фармони даҳ куҷои дарбони куҷо
Дӯстро дод ӯ нишон дид ин аён
Кӯи нишон ва дидани ҷонони куҷо
Кӣ бҷонон мерасад бе ишқи ҷон
Ҷон беишқ аз куҷои ҷонони куҷо
Кӣ дилӣ беишқ бинад рӯй дӯст
Қатраи хӯн аз куҷои Аммони куҷо
Ҷону дили ҳам ишқ бошад дар бадан
Зоҳидиро дили куҷо ё ҷони куҷо
Дардҳоро ишқ дармон мекунад
Дардро бе ошиқии дармони куҷо
Ишқи инро ин ва инро он кунад
Гар набошад ишқи ину ани куҷо
Ҳам сари мо ишқ ва ҳам сомони мо
Сари кҷоӣии ишқ ё сомони куҷо
Ишқи хону мон ҳар бехону мон
Файзро беишқ , хону мони куҷо