Накардем кории дарин бандагӣ ҳо

Надидем хайрӣ аз ин зиндагӣ ҳо

Аз ин зиндагӣ ҳо нашуд коми ҳосил

Дарин бандагиҳост шармандагӣ ҳо

Биёи ишқ вайрон кун сабру тоқат

Ки осӯда гирдем зи осӯдагӣ ҳо

Агар ҳаст хайрӣ дар ошуфтагӣ ҳост

Ки ошуфтатар боди ошуфтагӣ ҳо

зи зангори ақли ойӣнаи дил сияҳ шуд

Хушо содагиҳоу девонагӣ ҳо

Раҳегар ба ҳақ ҳаст шӯридагӣ ҳост

Хушо айши савдои шӯридагӣ ҳо

Парешони шӯ аз зулфҳои парешон

Мҷуи хотири ҷамъи зи осӯдагӣ ҳо

Биё то талофӣ кунем ончӣ бигузашт

Ки дорем аз умри шармандагӣ ҳо

Биёи баъд аз ин файз бедор бошем

Ки маргаст беҳтари азин хуфтагӣ ҳо