Ишқ бар акуон муҳӣтасту васеъ

Ишқ дар олам матоъасту мутӣъ

Ишқ дар дилҳо ҳаётасту равон

Ишқ дар сарҳо самоъасту самиъ

Ишқ дар мардони ҳақ ойина аст

Менамояд партави ҳасани мниъ

Ишқ дар солик раҳасту роҳбар

Мерасонад то бадаргоҳи рафеъ

Ишқ дар амлок вола бӯданаст

Ишқ дар афлоки ҷавлони сариъ

Ишқи оташ сӯхтан афрӯхтан

Ишқ дар анҷуми назарҳои бадеъ

Ишқ дар кӯии замин афтодагӣ аст

Ишқ дар анҳори ҷараёни сариъ

Ишқ дар баҳраст амвоҷи ғариб

Ишқ дар бараст домони васеъ

Ишқ дар кӯҳаст тамкину сабот

Ишқ дар боди ҳавои сайри сариъ

Ишқ дар мурғони хуши алҳони нъм

Ишқ дар глҳости алвони бадеъ

Ишқ дар атфол лаҳвасту лаъиб

Дар занони азўоҷро бӯдани мутӣъ

Ишқ дар нодони зи доноёни суол

Ишқи донои донишу халқи васеъ

Ишқи дилҳои тиҳӣ аз ишқи ҳақ

Пар шудан аз меҳри рухсори бадеъ

Ишқ дар шоири маъонӣ бастан аст

Ишқ дар файзаст аҳсои ҷамеъ