Ҳай наёрӣ бар забони ҳарфи дурӯғ

Ҳайф бошад зон даҳони ҳарфи дурӯғ

Ман чу бо ту ростами ту рост бош

То набошад дар миёни ҳарфи дурӯғ

Он ашороти дуруғинат бас аст

Нест ҳоҷат дар миёни ҳарфи дурӯғ

Нукта борӣк гӯям узри он

Гарчи ояд зон даҳони ҳарфи дурӯғ

Бишиканад дар тангнои он ҳарфи рост

Дар ҳам уфтад гардад он ҳарфи дурӯғ

Файз бас кун кӣ куҷо сар мезанад

Аз даҳони ончунон ҳарфи дурӯғ

Гар шунидӣ аз касе бовар макун

ӯ кӣ орад бар забони ҳарфи дурӯғ