Ғами ишқат ба ҳаловат хӯраму дилшодам
Ин ибодат ба иродат кунаму озодам
Дам ба дами сӯрати хубат ба назар май орм
То хаёли худӣ ва худ баравад аз ёдам
Ҳар хаёли ту марои иди наву наврӯзии сет
Шодӣ эй дам ба дам ояд ба мубораки бодам
Иди наврӯз ман онаст ки байнами рӯят
Иди қурбон ки лақоӣ ту кунад бунёдам
Ба хаёли ту буд зиндаи ҷовиди дилам
Гар хаёл ту набошад гиреҳӣ бар бодам
Гар нахоҳӣ ту зи ман ҳеҷ наёяд корӣ
Вар буд хоҳиши ту дар ҳамаи кори устодам
Май занами тешаи ишқат ба сар ҳастӣ хеш
Дар ҳақиқат ки ту ширинӣ ва ман Фарҳодам
Гар бибозам сари худ дар қидмати баҳр чаҳ ам
Кард устоди азали баҳри ҳамин бунёдам
Баҳри ҷон бохтан аз ҷони ҷаҳон омада ам
Баҳри қурбон шудан аз модари фитрати зодам
намегусастам зи бақо то ба лақои пайвандам
Баҳри бархестан аз авҷи бақои афтодам
Файзи тарсад ки ғам ишқ кунад вайронаш
наменадонад ки зи вайронии ишқи ободам
Ин ҷавоби ғазали ҳофизи Широз ки гуфт
Бандаи ишқам ва аз ҳар ду ҷаҳони озодам