Нӯши ман неш макун даврам аз хеш макун

Ҷигарам риш макун даврам аз хеш макун

Орзӯии дили ман , ҳал ҳар мушкили ман

Мақсаду ҳосили ман , даврам аз хеш макун

Бтўи ман зинда шудам ҷон поянда шудам

Шамъ поянда шудам даврам аз хеш макун

Бе ту эй ҷон касе бар наёрам нафасӣ

Чун зайд бе ту касе даврам аз хеш макун

эй равони ду ҷаҳони ошкороу ниҳон

Аз ту даврӣ натавон даврам аз хеш макун

Тоҷи ман афсари ман сари ман сарвари ман

Ҳодӣу раҳбари ман даврам аз хеш макун

Роҳи ман манзили ман баҳри ман соҳили ман

Ошнои дили ман даврам аз хеш макун

Ёри ман ёвари ман дили ман дилбари ман

Мӯнису ғмхўри ман даврам аз хеш макун

Гарчи ҳастанд басӣ нест аз баҳр касе

Ҷузи ту фарёди рисии даврам аз хеш макун

Аз рахт ҳастӣ файзу зи лабати мастии файз

Вази қадати пастии файз , даврам аз хеш макун