Як назар мастона кардӣ оқибат
Ақлро девона кардӣ оқибат
Бо ғами худ ошно кардӣ маро
Аз худам бегона кардӣ оқибат
Дар дили ман ганҷ худ кардӣ ниҳон
Ҷой дар вайрона кардӣ оқибат
Сӯхтӣ дар шамъи рӯяти ҷони ман
Чора парвона кардӣ оқибат
Қатраи ашк маро кардӣ қабул
Қатраро дар дона кардӣ оқибат
Кардӣ андари кули мавҷӯдоти сайр
Ҷони ман кошона кардӣ оқибат
Зулфро кардӣ парешони халқ ро
Хону мон вайрона кардӣ оқибат
Мӯи бмўро ҷои дилҳо сохтӣ
Мӯи бадалҳо шона кардӣ оқибат
Дар даҳони халқи афкандии маро
Файзро афсона кардӣ оқибат