Булбул аз гулзор мегуяд сухан

Каркас аз мурдор мегуяд сухан

Гули зи лутфи рангу бӯ дам мезанад

Хор аз озор мегуяд сухан

Ёри ҳарф ёр дорад бар забон

Ғайр аз ағёр мегуяд сухан

Зоҳид аз ҳуру қусӯру ангабин

Ишқ аз дидор мегуяд сухан

Обид аз саҷҷодау тасбеҳу зикр

Кофар аз зуннор мегуяд сухан

Оқил аз номӯсу расму ному нанг

Маст аз хумор мегуяд сухан

Подшоҳ аз тоҷу тахту лашкарӣ

Лашкар аз пайкор мегуяд сухан

Аҳли илм аз дарсу баҳсу мадриса

Тоҷир аз туҷҷор мегуяд сухан

Дар табиӣ баҳс дорад фалсафӣ

Сӯфӣ аз асрор мегуяд сухан

Ориф аз ҳақи воъизи уқбои параст

Аз биҳишт ва нор мегуяд сухан

Муфтӣ аз дастору ришу тилсон

Қозӣ аз динор мегуяд сухан

Бонӯ аз асбоби табхи ошу нон

Хоҷа аз бозор мегуяд сухан

Шоир аз рухсорау зулф батон

Ҳарзаи гӯ бисёр мегуяд сухан

Ҳар касе корӣ ки даравӣ моҳир аст

Бишкии зи он кор мегуяд сухан

Чун насибӣ дорад аз ҳар пешаи файз

Дар ҳама атвор мегуяд сухан