Биё соқӣ бидиҳ он оби гулгун
Ки дил танг омад аз авзоъи гардун
Хирадро аз сарои сар бадар кун
Бар афкани парда аз асрори макнун
Бигӯаш ҷони салои ишқ дар даҳ
Русуми оқилонро кун дигаргун
Бкнҷи дарду ғам то кӣ нишинам
Шкибоӣӣ шуд аз андозаи берун
Ббо то оҳи отшнок аз дил
Равон созем сӯии чархи гардун
Фалакро сақф бишкофем шояд
Рӯем аз тангнои даҳри берун
Дилу ҷонрои нисор дӯст созем
Ки ғайри дӯст афсонаасту афсун
Рақам кун бар дил ва бар ҷонат эй файз
Бароти сурхи рўӣии зи ашги гулгун