Бори ?илҳо расатонро дар ҳаримати бори даҳ
Ҷони огоҳӣ каромат кун дили бедори даҳ
Рӯҳи покиро ки шуд олӯдаи лавси гунаҳ
Бодаи ноби таҳур аз ҷоми истиғфори даҳ
Восилонро маҳв кун андари ҷамоли хештан
Соликонро ҷони ҳушёру дили бедори даҳ
Икнзр кун дар ҷаҳони обу гул аз рӯй лутф
Дӯстонро гул барафшон душманонро хори даҳ
Аҳли гулро рӯзи рӯз , аз зӯру зари маъмури дор
Аҳли дилро дар дили шаб , нолаҳои зори даҳ
Дар дил бе сайратони оташ бар афрӯз аз ҷҳим
Некӯонро ҷони хуррами чеҳраи гулнори даҳ
Он якеро дар висолати ориз чун арғавон
Ва он дигарро дар фироқати дидаи хўнбори даҳ
Дӯстонро даҳ ливои ъзу тоҷи ифтихор
Душманонро жандаи дилу либоси ори даҳ
Ҳаркасиро ҳарчӣ мехоҳад дилаш омода кун
Ошиқонро бори даҳ афсурдагонро кори даҳ
Файзро чун раҳ намӯдӣ сӯии худ аз рӯй лутф
Марҳамат фармо зи ишқаши мураккаби раҳвори даҳ