Сӯии ту бетоб давидан хуш аст
Бурқаъ аз он рӯй кашӣдан хуш аст
Май зи даҳон ту кашӣдан накӯаст
Ҷони зи лабон ту макидан хуш аст
Дар ҳаваси бӯсаи лаъли лабат
Ҷон ба лаби ком расӣдан хуш аст
Гӯшаи абрӯии ту он моҳи нав
Бар рухи хуршеди ту дидан хуш аст
Нест ба аз боғи рахти равза Эй
Себи занхдони ту чидан хуш аст
Файзи зи майхонаи лаъли лабаш
Соғар саршор кашӣдан хуш аст
Қиссаи ширини лабаши дам ба дам
Аз неи калаки ту шунидан хуш аст