Нафас барояду мақсӯд бар наме ояд

Фиғон ки бахти ман аз хоб бар наме ояд

Касе зи Меҳдии ҳодӣ нишон наме бахшад

Ба сӯии мо зи хаёлаш хабар наме ояд

Ба оби дидаи шабу рӯз тарбият кардам

Ниҳоли гулбуни шавқаш ба бар наме ояд

Дар ин хаёл ба сар шуд замони умр ва ҳануз

Замони меҳнати ҳиҷраш ба сар наме ояд

Сабо ба чашми ман андохти хокӣ аз кӯяш

Ки оби зиндагӣам дар назар наме ояд

зи шасти сидқи кушодами ҳазор тири дуо

Вазони миёнаи яке коргар наме ояд

Чаҳ саъйҳо ки намудем файз дар раҳ ӯ

Дареғи кори зи мо ин қадар наме ояд