Ба илму сайфу насаби кас ба ёр мо нарасад

Туро дар ин сухани инкори кор мо нарасад

Агарчӣ Подшаҳон дар ҷаҳон басӣ буданд

Касе ба илм ва ба нусрат ба ёр мо нарасад

Ба ҳасани халқу вафодорӣу ҷаҳонгирӣ

Касе ба роҳбари ҳқ‏гзор мо нарасад

Ҳазор нақш барояд зи калаки сунъ ва яке

Ба дилпазирии нақшнигор мо нарасад

Ҳазор нақд ба бозори коиноти оранд

Яке ба сиккаи соҳиби айёр мо нарасад

зи ибтидои замон то ба интиҳои ҷаҳон

Касе ба Подшаҳи комкор мо нарасад

Вале дареғ ки шуд аз назари чунон пинҳон

Ки буи ӯ ба ҳавои диёр мо нарасад

Дило зи таъна мункир маранҷ ва восиқ бош

Ки бад ба хотири умедвор мо нарасад

Чунон бизӣ ки ҷаноби эмомро эй файз

Ғубори хотирӣ аз раҳгузор мо нарасад