Моу ҳаваси шоҳид ва май то нафасӣ ҳаст

Кӣ хуштар аз ин дар ҳамаи олам ҳавасӣ ҳаст

эй хоҷа бааш бош ки бо он лаб май нӯш

Гар бода ба андоза нанӯшӣ асасӣ ҳаст

Гар марди раҳе бо хабар аз нола дил бош

Зеро ки ба ҳар қофилаи бонг ҷарасӣ ҳаст

ё қофилаи солори раҳ каъба надонист

ё он ки ба саҳрои талаби бор басӣ ҳаст

Танҳо на ҳамин асби ман аввал қадам афтод

КоФтодаҳ дар ин бодия ҳар сӯ фарсӣ ҳаст

Хоҳӣ ки дилат нашканад аз санги мукофот

Машкан дили касро ки дар ин хона касе ҳаст

Аз дидаи дили сӯхтагон чеҳра мапуашон

эй оинаи ҳаши дор ки соҳиб нафасӣ ҳаст

То дод маро аз ту ситамгар нагирифтанд

Кас ҳеҷ надонист ки фарёдрасӣ ҳаст

Мурғи дилам аз боғ ба тангаст фурӯғӣ

То ҳалқаи домӣу шикоф қафасӣ ҳаст