Ҳеҷ сар нест ки бо зулфи ту дар савдо нест

Ҳеҷ дил нест ки ин силсилааш дар по нест

Чун сар аз хок бар оранди шаҳидон дар ҳашар

Бар сиррӣ нест ки аз теғи ту миннат ҳо нест

наметавон ёфтан аз ҳолати чашми сияҳат

Ки нигоҳи ту нигаҳдори дил шайдо нест

Ту надонам зи кадомин гулӣ эй мояи ноз

Зон ки дар хоки башари ин ҳама истиғно нест

Дидаи мустуҷиби дидор ҷамолат нашавад

Зарраи шоистаи хуршеди ҷаҳон оро нест

Пас чаро сарви чаман аз ҳамаи банд озод аст

Гар ба ҷони бандаи он сарви сеӣ боло нест

Гуфтамаш чашми ту эй дӯсти ҳазорон хӯн кард

Гуфт сари мастам ва зин карда маро ҳошо нест

Ман ба таҳқиқи санами хонаи чинро дидам

Санамиро ки дилами хоста буд онҷо нест

Гоҳ кофар кунадам гоҳи мусулмон чаҳ кунам

Ишқ беқоидаро қоидае пайдо нест

Соғарӣ хӯрдаам аз бодаи лаъли соқӣ

Ки марои ҳасрати имрӯзу ғам фардо нест

Магари он моҳ ба шаҳр аз пай ошӯб омад

Ки фурӯғии нафасии фориғи азин ғавғо нест