Аз ту эй тарки хутани лаъибати чини хуш тар нест

Нақшӣ аз рӯй ту дар рӯй замини хуш тар нест

Ҳар ки бинад рахт эй ҳур биҳиштӣ гуяд

Каз сари кӯии ту фирдавси барин хуш тар нест

Ту ҳамон тоири фархундаи авҷи шарқӣ

Каз парти шҳпри ҷбрили амини хуш тар нест

То касе сар ба камандат наниҳад кӣ донад

Ки савории зи ту дар хонаи зини хуш тар нест

Ҷилва кун ҷилва ки дар шаҳри фурӯзони моҳӣ

Аз ту эй моҳи фурӯзандаи ҷабини хуш тар нест

Ханда кун ки захми дили хунини маро

Марҳам аз хандаи лаъли намакин хуш тар нест

То биногваш ту зад роҳи дили маҳзун ро

Ҳеҷ дар гӯшам аз овози ҳазини хуш тар нест

Гар дар охири нафасами ҳам нафасӣ хоҳӣ кард

Нафасӣ аз нафаси бозпасин хуш тар нест

Ҳар куҷо май рӯм аз гӯшаи чашми сияҳат

Гӯшае баҳри дил гӯша нишин хуш тар нест

Чашми ҷодӯии ту чун лоф каромат назанад

Зон ки эъҷозӣ аз ин саҳари мубини хуш тар нест

Ростӣ хӯрдан май моя айшасту нишот

Врксӣ бо ту хӯрд айшӣ аз ин хуш тар нест

Соқио май ба қадаҳ кун ки фурӯғӣ хуш гуфт

Даврӣ аз даври малики носрдини хуш тар нест

Он шаҳи род ки дар пеши каф дар пошаш

Корӣ аз бахшиши дарҳои смини хуш тар нест

То абади салтанаташи бод каз ӯ султонӣ

Пай оростани тоҷу нигини хуш тар нест