Ман кӣм , парвонаи шамъӣ ки дар кошона нест
Хонаамро сӯхт бе бокӣ ки ӯ дар хона нест
Дасти ҳимматро кашидам аз сари дунёу дайн
Ҳар касеро дар талаби ин ҳиммат мардона нест
Аз пас ранҷӣ ки барадам дар вафои охири маро
Домани ганҷӣ ба чанг омад ки дар вайрона нест
намегусорон фориғанд аз фитнаи даври замон
Каси ҳарифи осмони ҷузи гардиш паймона нест
Сбҳаҳи сад дона аз баҳри ҳисоб соғар аст
Вар на як ҷӯи хосият дар сбҳаҳи сад дона нест
Гиряи мастонаи охир уқдаам аз дил гушӯд
Хандаи шодӣ ба ғайр аз гиря мастона нест
Нақди зоҳиди қобили он шоҳид зебо нашуд
Зон ки ҳар ҷони муқаддас дар хур ҷонона нест
То ғам дилбар даромад хуррамӣ аз дил бирафт
Зон ки ҷои ошно дар манзил бегона нест
Дар ғами он нӯши лаби афсона олам шудам
Венаи ғами дигар ки таъсиӣ дар ин афсона нест
Гуфтам аз девонагӣ зулфаш бигирам , ишқ гуфт
Лоиқи ин ҳалқаи занҷир ҳар девона нест
То фурӯғии партави он шамъ дар маҳфил фитод
Ҳеҷ кас аз сӯзи ман огаҳ ба ҷуз парвона нест