Ҳар ҷои суханӣ аз он даҳон рафт

Кайфияти бода аз миён рафт

Хуши он ки ба даври чашми соқӣ

Сари масту хароб аз ин ҷаҳон рафт

Бемғбчгон наметавон зист

Вази дайри Муғон наметавон рафт

Бо ҷилваи он маи ҷаҳони тоб

Ороиши моҳ осмон рафт

Бар даст наомад остинаш

Аммо сари мо бар остон рафт

То абрӯяш аз камӣни баромад

Баси дил ки зи даст аз он камон рафт

Ман минӯу ҳур худ нахоҳам

Танро чаҳ кунам кунун ки ҷон рафт

Аз дасти ту эй ҷавони зебо

Ҳам пери зи даст ва ҳам ҷавон рафт

Ман бо ту ба ҳар замин нишастам

То дида ба ҳам задам замон рафт

Аз кӯии ту оқибати фурӯғӣ

Рӯзии ду барои имтиҳон рафт