эй фитна ҳар даврӣ аз қомати фаттонат
Ошӯби қиёматро дидем ба давронат
Як қавми ҷгрхўннд аз лаъл ме олудат
Як ҷамъ парешонанд аз зулфи парешонат
Ҳам чора ҳар нешӣ аз хандаи нўшинт
Ҳам роҳат ҳар ҷонӣ аз ҳуққаи марҷонат
Ҳам нашаҳ ҳар ҷомӣ аз чашми хморинт
Ҳам шукр ҳар комӣ аз пистаи хандонат
Кайфият ҳар мастӣ аз наргиси махмурат
Печидан ҳар корӣ аз сунбули печонат
Фирӯзӣ ҳар фолӣ аз талъати фирӯзат
Тобидан ҳар нурӣ аз ахтари тобонат
Сармоя ҳар теғӣ аз хам шудаи абрӯят
Баргаштан ҳар бахтӣ аз саф зада мижгонат
Нутқи ҳама гуё шуд аз ғунчаи хомӯшат
Рози ҳама пайдо шуд аз ишваи пинҳонат
То турра таррорат зад даст ба таррорӣ
Дасти ҳама бар бастӣ , фарёди зи дстонт
То тир туро хӯрдам паранда шудам оре
Парвози тавон кардан аз новаки пронт
Саҳластгар аз дастат шуд чоки гиребонам
Тарсам нарасад дастам бар чоки гиребонат
Оҳӣ ки дили тангам аз сина кашад имшаб
Оҳ ар бикашади фардо дар ҳазрати султонат
Шуд носрдин каз дили давр фалакаш гуяд
эй собиту сайёрам , омодаи қурбонат
То чанд фурӯғиро ҳайрат зада май хоҳӣ
эй моҳи фурӯғи афкани моти рухи рахшонат