То пардаи з сӯраташ барофтод
Оташ ба сарой озар афтод
Сабр аз дил ман махоҳ дар ишқ
Киштӣ наравад чу лангар афтод
Хат сар зад аз он лабони ширин
Тӯтӣ ба миён лашкар афтод
Берун наравад ба ҳеҷ дастон
Сиррӣ ки зи ишқ бар сар афтод
Моро ба сар аз муҳаббати дӯст
Ҳар лаҳзаи ҳавоӣ дигар афтод
Мардем зи дарди шоми ҳиҷрон
Дидор ба субҳ маҳшар афтод
Аз холу хати ту оташи рашк
Дар таблаи машк ва анбар афтод
Мижгон ту дид то фурӯғӣ
Кори дил ӯ ба ханҷар афтод