Дар пои ту то зулфи чилипоӣ ту афтод

Баси дил ки аз ин силсила дар пой ту афтод

Танҳо на ман афтодаи сари панҷаи ишқам

Баси тан ки зи бозуии тавоноӣ ту афтод

Ҳаргиз нашавад муштарии Юсуфи мисрӣ

Шӯридаи сиррӣ каз паии савдоӣ ту афтод

Дар дидаи ушшоқ на кам зи об ҳаёт аст

Хокӣ ки бар он сояи болой ту афтод

Осӯда шуд аз шӯриши саҳрои қиёмат

Ҳар чашм ки бар қомати раъноӣ ту афтод

Огоҳ шуд аз маънии ҳайронии ушшоқ

Ҳар дида ки бар сӯрати зебоӣ ту афтод

Ҳар дил ки хабардор шуд аз айши ду олам

Дар фикри харидории ғамҳои ту афтод

Аз домани ширини даҳанон даст кашидам

То бар сари ман шӯри таманноӣ ту афтод

Хуршед фитод аз назари поки фурӯғӣ

То пардаи зи рухсори длороӣ ту афтод