Дил ба абрӯии ту эй тозаи ҷавон бояд дод
Бӯса бар теғи ту бояд заду ҷон бояд дод
Шамае аз хати сабзи ту баён бояд кард
Гӯшмолӣ ба ҳамаи сбзхтон бояд дод
ё набояд хами абрӯии ту шамшер кашад
ё ба ёрони ҳамаи сари хати амон бояд дод
Ба ҳавои даҳанати нақди равон бояд бохт
Дар баҳоии суханати ҷони ҷаҳон бояд дод
Чашми бемори ту бо зулф парешон ме гуфт
Ки ба ошуфтаи дилони тоб ва тавон бояд дод
Хӯни мардуми ҳамагар чашми ту резад шояд
Дар кафи мард чаро тиру камон бояд дод
Гар намудем ба ҳама рӯй туро маъзӯрам
Қибларо бар ҳамаи халқи нишон бояд дод
Ба зиёни кории ушшоқ агар хурсандӣ
Ҳар чаҳ доранд саросар ба зиён бояд дод
Панҷа дар чанбари он зулфи дўто бояд зад
Такя бар ҳалқаи он мӯии миён бояд дод
Ҳамаи ҷо дида бидон чоҳи зқн бояд дӯхт
Ҳамаи дами бӯса бар он кунҷи даҳон бояд дод
Охир эй соқии гули чеҳраи фурӯғиро чанд
Май зи хӯни мижау лаъл батон бояд дод