Рӯзӣ ки худои коми дили танг дилон дод

Коми дили танги ман аз он танг даҳон дод

Гуфтам ки маро аз даҳанат ҳеҷ надоданд

Хандид ки аз ҳеҷ киро баҳра тавон дод

Хуррами дили мастӣ ки гуҳи бодаи парастӣ

Бо шоҳиди мақсӯд чунин гуфт ва чунон дод

Алмнаҳи ллаҳ ки сабк бор нишастам

То соқӣ май хона ба ман ратл гарон дод

Чун қамарӣ аз ин рашк нанолад ба чаман ҳо

Кин ашки равонро ба ман он сарв равон дод

Савдои ниёзи ману нози ту маҳол аст

Натавон ба ҳам омезиши пайдо ва ниҳон дод

Дар роҳи талаби ҷони азизам ба лаб омад

Хуши он ки муқӣм дар ҷонон шуд ва ҷон дод

Гар эминам аз фитнаи даврон аҷабӣ нест

Зеро ки ба ман чашми ту сари хат амон дод

Охири хами абрӯии ту хӯни ҳамаро рехт

Фарёди зи дастӣ ки ба дасти ту камон дод

Он рӯзи малоики ҳама дар саҷда фитоданд

Каз пардаи рахтро малики алърш нишон дод

Ҳар исми муаззам ки худо дошт фурӯғӣ

Дар хотами ангушти сулаймон замон дод

Фахри ҳамаи шоҳони аҷами носрдини шоҳ

Каз рӯй карам дод дили аҳл ҷаҳон дод