Ҳар сар ки ба савдои хату хол ту уфтад

Чун сояи ҳамаи умр ба дунбол ту уфтад

Воқиф шуда аз ҳоли шаҳидони ту дар ҳашар

Ҳар дида ки бар номаи аъмол ту уфтад

Он чашм ки бандади назар аз манзари хуршед

Чашмӣаст ки бар ҷилваи тимсол ту уфтад

Он кор ки ҷуз додани ҷон чора надорад

Корӣаст ки бо ғамзаи қаттол ту уфтад

Ҳар кас ки хабар шуд зи гирифторӣ ман гуфт

Бечораи асирӣ ки ба аҳвол ту уфтад

эй мурғи дил ар бохабар аз лиззати домӣ

намекӯш ба ҳаддӣ ки пару бол ту уфтад

эй хоҷагар инаст табиби дили ушшоқ

Мушкил ки ба фикри дили бдҳол ту уфтад

Фолӣ бизан эй дили зи паии давлати васлаш

Бошад ки худ ин қуръа ба иқбол ту уфтад

Аз шуълаи оҳи ту фалаки сӯхти фурӯғӣ

Оташ ба саропардаи омол ту уфтад