Фархундаи шикорӣ ки зи пайкон ту уфтад
Дар хӯни худ аз ҷунбиши мижгон ту уфтад
Донад ки чаро чок задам ҷайби сабурӣ
Ҳар дида ки бар чоки гиребон ту уфтад
Мурғи дилам аз сина кунад қасд паридан
Мурғии зи қафас чун ба гулистон ту уфтад
Ҳар тан ки шавад бо хабар аз файзи шаҳодат
Хоҳад ки сараш бар сари майдон ту уфтад
Хӯн гиря кунад ғунча ба домони гулистон
Ҳар гуҳ ки ба ёди лаби хандон ту уфтад
То дид занхдону сари зулфи ту , дил гуфт
Нозами сари гӯйӣ ки ба чавгон ту уфтад
Маҷмӯ нагардад дили сайдӣ ки ҳамаи умр
Дарбанди сари зулфи парешон ту уфтад
Бар субҳ биногваш манеҳ турраи шаби ранг
Бигзор фурӯғӣ ба шабистон ту уфтад
Бар пой шавад рӯзи ҷазои маҳшари дигар
Чун чашми малоик ба шаҳидон ту уфтад
Манзил макун эй ма ба дили гарми фурӯғӣ
Май тарсам аз ин шуъла ки бар ҷон ту уфтад