Охири ин нола сӯзанда асарҳо дорад
Шаби торик , фурӯзанда саҳарҳо дорад
Ғофил аз ҳоли ҷигари сӯхта ишқ мабош
Ки дар оташкадаи сина шарарҳо дорад
Меҳр ӯ тоза ниҳолӣаст ба бустони вуҷӯд
Ки ба ҷузи хӯни дилу дида самарҳо дорад
Қобили новаки он тарки камон абрӯ кист
Он ки аз синаи сад пора сипарҳо дорад
Гоҳе аз лаъл ту мегуяду гоҳ аз лаби ҷом
Соқӣ бе хабарони турфа хабарҳо дорад
Нола сар мезанад аз ҳар бен мӯем чун не
Ба умедӣ ки даҳони ту шукрҳо дорад
Ту писанди дили соҳиби назароне варна
Модари даҳр ба ҳар гӯша писарҳо дорад
Ту дар ойӣнаи назари дорӣу зин бе хабарӣ
Ки ба дидори ту ойӣна назарҳо дорад
Тира шуд рӯзи фурӯғӣ ба раҳи меҳри маӣ
Ки ниҳон дар шикани турра қамарҳо дорад