Касе зи фитнаи охири замон хабар дорад

Ки зулфу кокулу чашми ту дар назар дорад

На дида аз рухи хуби ту ме тавон бардошт

На оҳи сӯхтагон дар дилат асар дорад

На дил аз турраи хами брхмт тавон барканд

На шоми тираи ҳиҷрони зи пай саҳар дорад

зи саҳари наргиси ҷодӯии ту аёнам шуд

Ки фитнаҳои наоне ба зер сар дорад

Ҳазор нашаҳ фузун дидаам з ҳар чашмӣ

Вале нигоҳи ту кайфият дигар дорад

зи абрувони ту пайваста метапад дили ман

Ки аз мижа ба камони тир коргар дорад

Ҳадиси сӯхтагонат ба лола бояд гуфт

Каз оташи ситамати доғ бар ҷигар дорад

Сиррӣ ба олами ишқат қадам тавонад зад

Ки пеши теғи балои синаро сипар дорад

Брғми ғайри макаши дам ба дами фурӯғӣ ро

Ки меҳрат аз ҳамаи офоқ бештар дорад