Хдохўон то хдодон фарқ дорад
Ки ҳайвон то ба инсон фарқ дорад
Муваҳҳидро ба мушрик нисбатӣ нест
Ки воҷиб то ба имкон фарқ дорад
Муҳаққиқро муқаллид кӣ тавон гуфт
Ки доно то ба нодон фарқ дорад
Муноҷотӣ хроботӣ нагардад
Ки сайри ҷисм то ҷон фарқ дорад
Махон олӯдаи доман ҳар касе ро
Ки домон то ба домон фарқ дорад
Ману абрӯии ёру шайху миҳроб
Мусулмон то мусулмон фарқ дорад
Ман ва май хона , Хизру роҳи зулмот
Ки май бо оби ҳайвон фарқ дорад
Махон даври фалакро даври тарсо
Ки даврон то ба даврон фарқ дорад
Макун ташбеҳи зулфашро ба сунбул
Парешон то парешон фарқ дорад
Мабар пеши даҳонаш ғунчаро ном
Ки хандон то ба хандон фарқ дорад
Чаҳ нисбати шоҳи Эронро ба хоқон
Ки султон то ба султон фарқ дорад
Музаффари Носириддини шоҳи ғозӣ
Ки фарш бо сулаймон фарқ дорад
Рахшро ма магӯ ҳаргизи фурӯғӣ
Ки хур бо моҳи тобон фарқ дорад