Гуҳӣ ба дайру гуҳии ҷилва дар ҳарам дорад
Надонам ин чаҳ ҷамоласт кон санам дорад
Касеаст соҳиби бахти баланду умри дароз
Ки даст бар сари он зулфи хам ба хам дорад
Ҳаёт бахшад агар хоки мақдамаш на аҷаб
Ки ҷони зиндаи дилии зер ҳар қадам дорад
Касе ки такя занад бар анояти соқӣ
Агар ғалат накунам такяи гоҳ ҷам дорад
Ғуломи чашм сиёҳӣ шудам зи давлати ишқ
Ки ноз бар сари шоҳон муҳташам дорад
Ту худ ба чашми ҳақиқат назар накардӣ боз
Вагар на дайру ҳарам ҳар ду як санам дорад
Ҷаҳони зи ҷунбиши мижгони гирифтае оре
Ҷаҳон бигирад шоҳӣ ки ин ҳашам дорад
Даҳони танги ту то омад аз адам ба вуҷӯд
Вуҷӯди танги дилони ҳасрат адам дорад
Магари зи чашми ту дам ба гулистони наргис
Ки аз хумори саҳари ҳолатӣ дижам дорад
Касе ки бо сари зулфи ту даст паймон дод
Сараш ба боди фано гар равад чаҳ ғам дорад
Аз он хаданги ту дар дили азиз ва муҳтарам аст
Ки раҳ ба хилвати дилҳои муҳтарам дорад
Фурӯғӣ аз лаби ширини шкроФшонт
Ҳазор танги шукр дар не қалам дорад