Касе ки дар дили шаби чашм хӯн фишон дорад
Баёзи чеҳрааш аз хӯни дил нишон дорад
зи пардаи рози дилами ишқ ошкоро кард
Ки шуъларо натавонад касе ниҳон дорад
Ба сахтӣ аз сари бозор ишқ натавон рафт
Ки ин муомилаи ҳам суд ва ҳам зиён дорад
Ба тираи рӯзии ман чашм рӯзгор гирист
Надонам он маи тобон чаҳ дар камон дорад
Кашокаши дилами он зулфи мӯ ба мӯ донад
Хушо дилӣ ки длороми нукта дон дорад
Сазад ки аҳли назари синаро нишони созанд
Ки тарки ишвагарӣ тир дар камон дорад
зи сахти ҷонии ойӣна ҳайратӣ дорам
Ки тоби ҷилваи он ёр меҳрбон дорад
Маии зи бурҷи муродам тулӯъ кард имшаб
Ки фахр бар сари хуршед осмон дорад
з ҳар тараф ба тазаллуми ниёзмандӣ чанд
Рухи ниёз бар он хок остон дорад
Ман он ҳарифи уқубати каши вафои кешам
Ки ишқ зиндаам аз баҳр имтиҳон дорад
Фурӯғӣ аз ғами он нозанини ҷавон ҷон дорад
Кадоми пери чунин толеъ ҷавон дорад