Гар на он зулфи сияҳи қасд шабихун дорад

Пас чаро дили ҳамаи шаби ҳол дигаргун дорад

Ману назораи боғӣ ки баҳорони онҷо

Хокро хӯни шаҳидони ту гулгун дорад

Ман девонау зулфи ту гирифтан , ҳайҳот

Зон ки ин силсилаи сад силсила маҷнӯн дорад

Дар хури хуррамӣ ҳар ду ҷаҳон доне кист

Он ки аз дасти ғамати хотир маҳзун дорад

Гарчи хубон ба ситам шуҳра шаҳранд аммо

Дили сангини ту кин аз ҳама афзӯн дорад

наметавон ёфт зи хӯни бории чашми мардум

Ки лаби лаъли ту дилҳои ҷигар хӯн дорад

Дар вуҷӯдӣ ки туе кӣ раҳ саҳро гирад

Дар дарунӣ ки туе кӣ сар берун дорад

Ҳар куҷои ҷилваи болой ту бошад ба миён

Ростии сарви куҷои қомат мавзун дорад

На ҳамин фитнаи чашми ту фурӯғӣ танҳост

Чашми фаттони ту як тайифа мафтӯн дорад