Касе по ба кӯй вафо ме гузорад

Ки аввали сиррии зер по ме гузорад

Лабии ташна лаб дорадам чун Сикандар

Ки миннат бар об бақо ме гузорад

Дилӣ бояд аз хеш бегона гардад

Ки рӯ бар дар ошно ме гузорад

Сиррӣ кӣ шавад қобили пои қотил

Ки аз теғи рӯ ба қафо ме гузорад

Касе мезанад чанг бар тори мӯяш

Ки сар бар сари ин ҳаво ме гузорад

Куҷои ком ҳосил шавад раҳравӣ ро

Ки ком аз пай муддао ме гузорад

Куҷо ме тавон басти кор касе ро

Ки асбоби комаш худо ме гузорад

Дили охири зи дасти ғамаш май гурезад

Маро дар миён бало ме гузорад

зи кӯяш ба ҷой дигар меравад дил

Вале ҳар чаҳ дорад ба ҷо ме гузорад

Ду то карда қади марои нозанинӣ

Ки бар чеҳраи зулф дўто ме гузорад

Дуои маро бе асари хости моҳӣ

Ки таъси дар ҳар дуо ме гузорад

Фитодаи сети корам ба раънои табибӣ

Ки ҳар дардро бедаво ме гузорад

Сазад гар бабўсад лабатро фурӯғӣ

Ки дар базми султон сано ме гузорад

Адуи банди ғозии малики Носириддин

Ки гардун ба ҳукмаш қазо ме гузорад