Наргис ки фалаки чашму чароғ чаманаш кард

Чашми ту сарафканда ба ҳар анҷуманаш кард

То ғунча ба боғ аз даҳани танги ту дам зад

Аттори сабои машки хутан дар даҳанаш кард

То гул ба ҳавохоҳӣ рӯй ту даромад

Наққоши чамани соҳиби ваҷҳ ҳасанаш кард

То сарви паии бандагии қад ту бархест

Даври фалаки озоди зи банд мҳнш кард

То лоф ба ҳам чашмяти оҳӯӣ ҳарам зад

Султони қазои амр ба хӯн рехтанаш кард

Ҳар хӯн ки ба хок аз дами теғ ту фурӯрихт

Фардои ҷазои каси натавонад саманаш кард

Ҳар ҷома ки бар қомат ушшоқ буриданд

Ишқи ту ба сари панҷаи қудрат кафанаш кард

Ҳар шоми дил аз ёди сари зулф ту нолид

Монанди ғарибӣ ки ҳавоӣ ватанаш кард

Ҳар кас ки ба ширини даҳании дили нспорд

Натавон хабар аз ҳоли дил кӯҳканаш кард

Бо ҳеҷ нишоне накунад сахт камоне

Корӣ ки ба дили ғамза новак фиканаш кард

Дардо ки з маъшӯқ нашуд чораи дардам

То ҷазба ишқ омад ва ҳам дард маниш кард

Гуфтам ки дили аҳли ҷунунро ба чаҳ бастӣ

Дастӣ ба сари зулфи шикан бар шиканаш кард

Зинҳор ба маст дар мехона махандед

Кин бехабарӣ бо хабар аз хештанаш кард

Чашмӣ ки ба як ғамзаи марои табъ ғазал дод

Нисбат натавонам ба ғизол хутанаш кард

Ёқӯти сифати хӯн ҷигар хӯрд фурӯғӣ

То ҷавҳарии ақли қабул суханаш кард