Аз биногваши ту ҳар шаби гила сар хоҳам кард
Шаби худро ба ҳамин шева саҳар хоҳам кард
Мӯ ба мӯи бандаи он зулф сияҳ хоҳам шуд
Солҳо хоҷагии давр қамар хоҳам кард
Бо хами абрӯӣ ӯ нарад ҳавас хоҳам бохт
Пеши шамшери балои сина сипар хоҳам кард
Гандуми холи вай аз ҷинат ӯ хоҳам чид
Ман ҳам аз рӯй сафои кор падар хоҳам кард
Зон лаби танги шкрбор сухан хоҳам гуфт
Ҳамаи шаҳри пар аз танг шукр хоҳам кард
Ҳам зи хок дар ӯ сӯй сафар хоҳам рафт
Ҳам лаби хушк ба оби мижа тар хоҳам кард
Хӯни дил дар ғами ёқӯт лабаш хоҳам рехт
Дидаро ғарқа ба хӯни об ҷигар хоҳам кард
Охир аз дасти ғамаши чок ба дил хоҳам зад
Оқибат аз ситамаши хок ба сар хоҳам кард
Дил ба зуннори сари зулф батон хоҳам баст
Хештанро ба раҳи куфр смр хоҳам кард
Наъра хоҳам зад ва дар дашт ҷунун хоҳам тохт
Шуъла хоҳам шуд ва дар санг асар хоҳам кард
Гар фурӯғӣ , рух ӯ бор дигар хоҳам дид ,
Кӣ ба ҷуз додани ҷони кор дигар хоҳам кард