эй хушо риндӣ ки рӯ дар соҳат мехона кард

Чораи даври фалак аз гардиш паймона кард

Сол ҳо кардам ба софии хизмати майхона ро

То май софи муҳаббат дар вуҷӯдам хона кард

Донаи тасбеҳи моро ҳолатии ҳаргизи надод

Баъд аз ин дар пои хам , ангур бояд дона кард

Нозами он чашми сияҳ каз як нигоҳи ошно

Мардуми огоҳро аз хештан бегона кард

Чашмаи хуршеди рӯйиши чашмро бе тоби сохт

Ҳалқаи занҷири мӯяши ақлро девона кард

Ман ки дар афсунгарӣ афсонаам дар рӯзгор

Наргиси афсунгар соқии маро афсона кард

Домани он ганҷи шодиро наёвардам ба даст

Сайли ғами беҳуда яксар хонае вайрона кард

Сари ҳақро бар сари дор фано кард ошкор

Дар талаби Мансур алҳақ ҳиммат мардона кард

Он чаҳ бо ҷон фурӯғӣ кард ҳасан рӯй дӯст

Кӣ фурӯғии шамъ бо оташ ба ҷон парвона кард