То ма рӯй ту аз чоки гиребон сар зад

Гуфтӣ аз ҷайби уфуқи нири рахшон сар зад

То аён шуд рухи зебои ту аз чанбари зулф

Субҳи умеди ман аз шоми ғарибон сар зад

Субҳи нӯронии дидори ту толеъ нашуда

эй дариғо ки шаби тираи ҳиҷрон сар зад

Ҳар куҷо дам задам аз қаду руху зулфу хатат

Ҳамаи ҷои сарву гулу сунбулу райҳон сар зад

Хат ба гирди лаби ҷони бахши ту медоне чист

Злмотӣ ки аз он чашмаи ҳайвон сар зад

Аз сари хоки шаҳидони ту эй сахти камон

Ивази лолаи ҳамеи ғунчаи пайкон сар зад

Сӯрати хуби ту аз олам маънӣ бархест

Шуълаи оҳи ман аз синаи сӯзон сар зад

Ёрб аз дӯзахи ҳиҷрони ту фориғ нашаванд

Гар ба ҷузи ишқи зи ушшоқи ту исён сар зад

Хабар аз ҳоли асирон муҳаббат ме дод

Нолае каз дили мурғони гулистон сар зад

Гар фурӯғии гунаҳи ишқ ту дорад ғам нест

Кин гуноҳӣаст ки аз олами имкон сар зад