Ҳар кас ки ба ҷон дастрасӣ дошта бошад
Бояд ки ба дили меҳр касе дошта бошад
Зон бар сари бемори ғамаш по нагузорад
Тарсад ки мабодо нафасӣ дошта бошад
Дили нола кунон рафт паии маҳмили дилдор
Кин қофила бояд ҷарасӣ дошта бошад
Гар ёд гулистон накунад ҳеҷ аҷаб нест
Мурғӣ ки ба танҳо қафасӣ дошта бошад
Аз улфат бегона биандеш ки ҳайф аст
Домони ту ҳар булҳавасӣ дошта бошад
Дар пардаи қадаҳи нӯши фурӯғӣ ки мабодо
Сангӣ ба камӣнат асасӣ дошта бошад