Бо вуҷӯди нигаҳи масти ту ҳушёр намонад
Пас аз ин соқӣ худ бош ки диёр намонад
Дар хури давлат бедор нагардад ҳаргиз
Он ки шаб то саҳар аз ишқи ту бедор намонад
Зинҳор аз ту ки ҳангоми шаҳодати мо ро
Зери теғат ба забони ҳолат зинҳор намонад
Бас ки олӯда шуд аз хӯни хридоронт
Мушти хокӣ ба сари кӯча ва бозор намонад
Чаҳ нишотӣ аст надонам сари савдои ту ро
Ки ба бозори ғамати ҷой харидор намонад
Кӯи асирӣ ки аз он турра ба занҷир нарафт
Кӯи шикорӣ ки дар ин ҳалқа гирифтор намонад
Ишқи мардона ба разм омад ва тадбир гурехт
Ёр бепарда ба базм омад ва ағёр намонад
Хаста ам кард чунон дарди муҳаббат ки табиб
То хабардор шуд аз ҳастем осор намонад
То сабо дам зада аз турраи машки афшонаш
Машки хӯн ношуда дар табла аттор намонад
Гардишӣ дидам аз он чашми фурӯғӣ ки маро
Ҳеҷ ҳоҷат ба дар хона хумор намонад